Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиносоӣ шудани ҷасади як бомбгузори Индонезӣ


Полиси Индонезӣ имрӯз гуфт, ки ҳуввияти яке аз ду ҳамлагарони маргталабро, ки дар паси бомбгузориҳои ҳафтаи ахир дар меҳмонхонаҳои Ҷакарта қарор доштанд, шиносоӣ кардааст, ҳарчанд аз ӯ исм набурд. Сухангӯи полиси миллӣ Нанан Саекарна имрӯз дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ҷасади дигар дар ҳоли шиносоӣ шудан мебошад. Вай инчунин гуфт, ки бомбгузорон аъзои "Ҷамоаи исломия", як созмони вобаста ба Ал-Қоида буданд. Дар ин ду ҳамла дар Ҷакарта дасти кам ҳашт нафар, аз ҷумла худи бомбгузорон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG