Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти уйғурҳои Қазоқистон


Имрӯз ҳазорҳо уйғурҳо дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба нишони эътироз аз саркӯби ҳамқавмонашон дар минтақаи Шинҷони Чин раҳпаймоӣ карданд. Тибқи гузоришҳо, ҳудудан панҷ ҳазор уйғуртаборони Қазоқистон, аз ҷумла занони сатрдор ба нишони мотам аз ҳамқавмони дар Чин кушташудаашон дар як толори калони Алмаато гирди ҳам омаданд. Дар оқози маросим онҳо дақиқае сукут карда баъдан парчамҳои кабудранги дорои нақши ҳилоли сафед, рамзи ҷумбиши истиқлолияти миллии уйғурҳоро баланд карданд. Рӯзи 5 июл сокинони Шинҷон шоҳиди шадидтарин ошӯбҳо дар чандин даҳсолаи охир шуданд. Дар паи хушунатҳо дар Урумчӣ, маркази ин вилоят 197 нафар кушта ва 1600 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки дар миёни онҳо ҳам уйғурҳо ва ҳам чиноиҳои маҳаллӣ будаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG