Пайвандҳои дастрасӣ

Навори Толибон дар бораи сарбози амрикоӣ


Низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон навори видеоии Толибонро маҳкум карданд, ки сарбози боздоштшудаи нирӯҳои Иёлоти Муттаҳидаро, ки моҳе пеш рабуда шуда буд, намоиш медод. Сухангӯи ин нирӯҳо сарҳанг Ҷон Сток гуфт, ки истифодаи сарбози артиш бо ҳадафҳои таблиғотӣ қонунҳои байналмилалиро поймол мекунад. Марде, ки ҳуввияташ ошкор намешавад, рӯзи 30 июн аз қароргоҳи низомиаш дар шарқи Афғонистон нопадид шуд. Дар навор сарбозе намоиш дода шуд, ки бо либоси номушаххаси хокистарранг дар рӯи кате нишаста ғизо мехӯрд. Вай мегӯяд, боздошти ӯ ҳангоми аз ҳайати посдорон ақиб мондани вай иттифоқ меуфтад. Навори мазкур 28 дақиқа тӯл кашида ба шакли мусоҳиба бо рабояндагонаш сабт шудааст. Ӯ дар ин навор назарҳои худро ба дини Ислом, ҷанг ва ахлоқи сарбозони амрикоӣ баён кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG