Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии бӯҳрони сиёсии Эрон дар Машҳад


Раиси ҷумҳурии пешини Эрон Алиакбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ имрӯз бо раҳбарияти олии рӯҳонии кишвараш дар Машҳад бӯҳрони сиёсии дар ҷумҳурӣ баамаломадаро баррасӣ мекунад. Дар ин бора оқои Рафсанҷонӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории "Меҳр" дар фурудгоҳи Машҳад, шимолу шарқи Эрон хабар дод. Суханронии Рафсанҷонӣ дар намози ҷумъаи донишгоҳи Теҳрон боиси сар задани танқидҳои зиёд дар маҳфилҳои ҳукуматии Эрон шуд. Вай гуфт, ки ҳеҷ як ҳукумати исломӣ наметавонад бидуни ризоияти мардум халқ шавад. Ин изҳороти ӯ дар миёни рӯҳониёни муҳофизакор ҳамчун танқид аз низоми сиёсии кишвар арзёбӣ шуд. Онҳо Рафсанҷониро дар сӯиистифода аз намози ҷумъа барои пуштибонӣ аз номзадии раҳбари дигари мухолифин Мирҳусайни Муссавӣ айбдор карданд.
XS
SM
MD
LG