Пайвандҳои дастрасӣ

Мутаваққифшавии кори "Мемориал" дар Чеченистон


"Мемориал", як маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Русия баъди рабоиш ва куштори як фаъоли ин созмон дар Чеченистон ҳафтаи ҷорӣ тасмим гирифт, ки дафтарҳои кории худро дар ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ бубандад. Наталия Эстемирова рӯзи чоршанбе аз ҷониби гурӯҳи номаълум зӯран ба мошине нишонда шуда ба самти номаълум интиқол дода шуд ва баъди чанд соати ин ҳодиса ҷасади тирхӯрдаи ӯ дар наздикиҳои Ингушистони ҳамсоя ошкор шуд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Александ Черкасов, як узви шӯрои "Мемориал" тасмими ин созмон роҷеъ ба бастани дафтарҳои намояндагиаш дар Чеченистон чунин шарҳ дод:

"Бешубҳа Наташа шояд беҳтарин ҳамкори мо буд, аммо куштори ӯ қимати хеле баланд аст. Мо кори дафтарҳои худро дар Чеченистон бозмедорем ва акнун фикр мекунем, ки иқдоми баъдии мо чӣ мешавад. Гузоришҳои охирине, ки Наташа дар ихтиёри мо қарор медод, дар бораи сӯхтори хонаҳои хешу ақрабои онҳое, ки мақомот онҳоро ҷангӣ мегуфтанд, иҷрои ҳукмҳои қатл дар мазҳари ом, ки дар давоми даҳ соли охир шояд барои аввалин бор мушоҳида мешуд ва ғайра буд, ки ҳамааш даҳшат аст. Вале набуди маълумот, набуди маълумоти кормандони мо дар бораи он чи ки дар дохил мегузарад, шояд аз ин ҳам даҳшатноктар бошад. Мо ҳоло фикр хоҳем кард, ки иқдоми баъдии мо чӣ мешавад, чӣ тавр метавонем амалиёти кӯмакрасонӣ ба мардуми Чеченистонро идома бидиҳем".

Раҳбарияти созмони "Мемориал" раиси ҷумҳурии Чеченистонро гунаҳгори куштори Эстемирова хондааст. Қодиров, ки назорати тафтиши ин парвандаро шахсан зери назари худ гирифтааст, гуфт, ки аз болои ин созмон барои тӯҳмат ба додгоҳ шикоят мебарад.
XS
SM
MD
LG