Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баста шудани дафтари "Мемориал" дар Чеченистон


Як созмони ҳуқуқи башари Русия имрӯз фаъолияташро дар Чеченистон боздошт ва гуфт, ки чунин тасмим бо ҳодисаи куштори корманди фаъоли онҳо Наталия Эстемирова вобаста мебошад. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли Александр Черкасов, корманди масъули созмони "Мемориал" навишт, ки куштотори Эстемирова намоиш дод, ки кор дар Чеченистон фавқулодда хатарнок аст ва "мо наметавонем ҳаёти кормандони худро зери хатар гузорем, ҳарчанд онҳо хостори идомаи фаъолиятҳои худ мебошанд". Рӯзи ҷумъа раиси ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров гуфт, ки созмони "Мемориал"-ро барои ӯро дар куштори Эстемирова муттаҳам карданаш ба додгоҳ мекашонад. Наталя Эстемирова рӯзи чоршанбе дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Грозний рабуда шуда баъди чанд соат ҷасадаш дар наздикиҳои Ингушистон пайдо шуд.
XS
SM
MD
LG