Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведеву Раҳмон гуфтугӯ карданд


Дар пойгаи марказии шаҳри Маскав рӯзи шанбе раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Русия - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва заминаҳои мулоқоти қарибулвуқӯи худро дар Душанбе баррасӣ карданд. Дар оқози ин мулоқот Медведев гуфт, ки "мулоқоти ғайрирасмии имрӯза дар пойгаи марказии Маскав як баҳонае барои анҷоми гуфтугӯҳо" мебошад. Вай дар муроҷиат ба оқои Раҳмон гуфт, ки дар мулоқоти қарибулвуқӯи ду президент дар Тоҷикистон имконияти баррасии муфассали масоили иқтисодиву байналмилалӣ фароҳам мешавад. Вай инчунин гуфт, ки дар маросими ифтитоҳи нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 низ ширкат хоҳад варзид. Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кардааст, ки ин дидору мулоқот "натиҷаҳои мусбат ба бор меорад". Вай афзуд, ки ифтитоҳи кори Сангтӯдаро дар Тоҷикистон "ҳамчун як рӯйдоди муҳим ва азиме" интизор доранд.
Назар ба иттилои Кремлин, рӯзи 30 июли имсол Медведев нахуст аз Тоҷикистон дидан карда баъдан бо қасди ширкат дар нишасти ғайрирасмии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба Қирғизистон сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG