Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 12 нафар дар Афғонистон


Таркиши бомбае дар ҷануби Афғонистон боиси кушта шудани 12 нафар, аз ҷумла як сарбози бритониёӣ ва панҷ кӯдак шуд. Бар тибқи иттилои генерали полис Сайфуллоҳ Ҳаким, ин атфол ҳамроҳ бо дигар қурбониён дар як ҳодисаи таркиши бомбаи сарироҳӣ дар вулусволии Спинболдаки ҷануби Қандаҳор ҷон доданд. Дар Лондон вазорати дифои Бритониё гуфт, ки рӯзи панҷшанбе дар натиҷаи таркиши бомбае дар наздикии нирӯҳои ин кишвар дар Гиришк, як шаҳри саноатии вилояти Ҳилманд як сарбози бритониёӣ ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG