Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Шариатмадорӣ аз Рафсанҷонӣ


Як сиёсатмадори тундрав ва сардабири "Кайҳон" дар шумораи нави ин нашрия раиси ҷумҳурии пешин Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷониро баъди намози ҷумъаи ахираш барои тарафдорӣ аз "қонуншиканҳо" айбдор кардааст. Ҳусейни Шариатмадорӣ оқои Рафсанҷониро барои тавзеҳоташ дар заминаи "дучори бӯҳрон шудани кишвар" танқид карда гуфтааст, ки раиси ҷумҳурии собиқ метавонист вожаи "тавтеа"-ро саҳҳеҳтар истифода кунад. Шариатмадорӣ гуфт, ки Рафсанҷонӣ ҳама имконияти пешомадаро барои "ба чолиш кашондани интихоботи раёсатҷумҳурӣ" истифода мекунад. Алиакбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар намози ҷомеи ахир аз интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи июн интиқод карда пирӯзии Аҳмадинажодро зери суол бурд ва гуфт, ки натиҷаҳои раъйдиҳӣ Эронро дучори бӯҳрон кардааст.
XS
SM
MD
LG