Пайвандҳои дастрасӣ

Машқҳои муштараки нирӯҳои чиноиву русӣ


Имрӯз нирӯҳои русиву чиноӣ дар минтақаи шимолушарқи Чин тамринҳои муштараки зиддитеррористиро зери унвони "Рисолати сулҳи 2009" оғоз карданд. Аз ҳар кишвар дар ин тамринҳо ҳудудан се ҳазор нирӯ сафарбар шудааст. Машқҳои низомӣ, ки то 27 июл идома хоҳад кард, ҳамчун тамринҳои "бидуни аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ" тавсиф шудааст. Рӯзи 22 июл нахустин бахши машқҳои зиддитеррор дар Хабаровски Русия шурӯъ шуда баъдан дар маҳалли Таонани наздик ба шаҳри Байченги Чин тамдид хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG