Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаҳор хориҷӣ қурбони таркиши Индонезӣ шуданд


Дар натиҷаи дасти кам ду таркиш дар меҳмонхонаҳои боэътибортарини Ҷакарта, пойтахти Индонезӣ ҳашт нафар, аз ҷумла ду бомбгузори маргталаб ба ҳалокат расиданд. Вазорати беҳдошти Индонезӣ гуфт, ки аз миёни кушташудаҳо ҳадди аққал чаҳор нафарашон хориҷӣ буданд. Маркази бӯҳроншиносии вазорати беҳдошт ҳуввияти панҷ нафарро шиносоӣ карда гуфтааст, ки ду нафари онҳо табааи Австралия, як нафар аз Зеландияи Нав, як тан аз Сингапур ва як кас шаҳрванди Индонезӣ буданд. Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама бомбгузории мазкурро ҳамчун як амали золимона маҳкум кардааст. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун изҳори итминон кард, ки муттаҳамони ин ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд.
XS
SM
MD
LG