Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти расмӣ дар заминаи рӯйдодҳои Ҳавзи Кабуд


Имрӯз вазоратҳои умури дохилӣ ва кумитаи амнияти милии Тоҷикистон бо пахши баёнияи муштараки роҷеъ ба тафсилоти амалиёти рӯзи 16 июли соли ҷорӣ дар посгоҳи мавзеи Ҳавзи Кабудит ноҳияи Тавилдара пардохтаанд. Дар матни ин изҳорот, ки имрӯз дар саҳти расмии "Ховар" дарҷ шудааст, гуфта мешавад, ки дар ҷараёни амалиёти "Кӯкнор-2009" гурӯҳи афроди номаълум дар наздикии ин посгоҳ ошкор шуданд. Онҳо ба талаби кормандони мақомоти қудратӣ итоат накарда ба кормандони посгоҳ ҳамла карданд. Дар натиҷаи даргирӣ ду корманди посгоҳ маҷрӯҳ шуданд. Дар паи даргириву таъқиби гурӯҳи мусаллаҳи ношиносе, омадааст дар изҳороти расмӣ, 5 узви ин даста кушта шуданд. Ҳуҷҷатҳои нафарони кушташуда ҳокист, ки ин нафарон ҳама шаҳрванди Русия буда, 20 то 26-сола будаанд. Изҳороти муштараки вазоратҳои умури дохилӣ ва амнияти Тоҷикистон мегӯяд, ки ду нафари онҳо доғистонӣ, ва сеи дигар русу қазоқу тотор буданд. Ин афродро мақомоти Тоҷикистон узви як гурӯҳи террористӣ номидаанд. Куллан, гуфта мешавад дар изҳорот, ки дар ҷараёни ин даргирӣ 9 узви "гурӯҳи ҷинояткор" нобуд шудааст.
Ҳанӯз вокуниши мақомоти Русия ва ё масъулини сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ин хабар дар даст нест.Ҳамонтавре ки баъди амалиёти рӯзҳои 8-11 июли соли ҷорӣ дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Тавилдара мақомот дар бораи боздошт шудани панҷ шаҳрванди чечентабори Русия хабар доданд - мақомоти Русия ҳеҷ вокунише нишон надоданд. Дар он амалиёти, ба гуфтаи мақомоти интизомӣ зидди гурӯҳҳои шӯришии Неъмат Азизов, вазири пешини ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон Мирзо Зиёев кушта шуд. Масъулияти ин кушторро мақомот ба дӯши ҷангиёни таҳти раҳбарии Азизов вогузор карданд.
XS
SM
MD
LG