Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушуниди сарони Арманистон ва Озарбойҷон


Дар гуфтушуниди президентҳои Арманистон ва Озарбойҷон дар шаҳри Маскав масъалаи сулҳи Қарабоғи Кӯҳӣ баррасӣ шуд.

Ин мулоқот бо миёнаравии раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев ба вуқӯъ пайваст. Дар идомаи он қарор аст, раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ва ҳамтои армани ӯ, Серж Саркисян, бо президент Медведев мулоқот кунанд ва музокиротро дар мавриди роҳи осоишта ҳалли низоъ барои Қарабоғи Кӯҳӣ идома диҳанд.

Ин муноқиша яке аз баҳсҳои шадидест, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба авҷи худ расид. Қарабоғи Кӯҳӣ, ки аҳолияш асосан аз арманиҳо иборат аст, истиқлолияти худро аз Озарбойҷон эълом дошт ва дар ҷангҳои хунини марбут ба он наздик ба 35 000 нафар кушта шуданд.

Мулоқот дар паси дарҳои баста ҷараён гирифт ва ҳарчанд гуфта мешуд, дар он чархиши муҳиме дар ҳалли низоъ ба амал хоҳад омад, аз пешрафти ҷиддие хабар дода нашудааст. Дар ин навор чанд сонияи дастфишории Алиев ва Саркисян ва ҳам шурӯъи музокирот инъикос ёфтааст.

XS
SM
MD
LG