Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷаммӯъи даҳҳо ҳазор дар намози ҷумъа дар Теҳрон


Рӯзи 17 июл даҳҳо ҳазор аз тарафдорони мухолифин ба хотири намоиши иттиҳоди худ дар намози ҷумъа дар донишгоҳи Теҳрон гирди ҳам омаданд. Ин бузургтарин таҷаммӯъи мухолифин аз замони эътирозҳои густарда алайҳи натоиҷи интихоботи 12 июни раёсатҷумҳурии Эрон буд ва гирдиҳамомадагон бо шиорҳое, чун “Озодӣ!”, пуштибонии худро аз номзади ислоҳталаб Мирҳусайн Мӯсавӣ баён мекарданд. Дар ин намоз барои нахустин бор дар ҳафтаҳои охир ҳам Мӯсавӣ ва ҳам номзади дигари шикастхӯрда Маҳдии Каррубӣ дар мазҳари омм зоҳир шуданд.
Имоми намоз раисиҷумҳури собиқ ва пурнуфузи Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ гуфт, мардуми зиёде ба натоиҷи интихоботи моҳи июни раёсати ин ҷумҳурӣ ва ба пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин маърака шубҳа доранд ва бояд бо ин вазъ коре кард. Рафсанҷонӣ дар Донишгоҳи Теҳрон ҳамчунин ба хотири ҳалли бӯҳрони сиёсии пешомада хостори раҳоии ҳама афроди боздоштшуда дар пайи эътирозҳо шуд.
Ба дунболи намози ҷумъа дар маркази Теҳрон байни эътирозгарон ва нирӯҳои пулис даргириҳо низ рух додаанд ва бино ба хабарҳо, пулис алайҳи тазоҳургарон аз гази ашковар ва аз калтак истифода бурдааст.
XS
SM
MD
LG