Пайвандҳои дастрасӣ

Дар чарогоҳҳои Тандиқи вилояти Ботканд, дар наздикии марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон, чӯпонҳои қирғиз як гурӯҳи мусаллаҳи сиёҳпӯшро дидаанд.

Ба гуфтаи чӯпонҳо чеҳраи ин панҷ нафар, ки дар китфи худ борхалтаҳо низ доштанд, ба мардуми қирғиз шабоҳат надошт ва ба забони дигар сӯҳбат мекарданд.

Ҳамчунин баъзе манбаъҳо ба нақл аз қавли сокинони минтақаи кӯҳии Тандиқи вилояти Ботканд иттилоъ медиҳанд, ки дар ин чарогоҳ се шаҳрванди Ӯзбекистон мавриди боздошти посбонони маҳаллӣ қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, афроди боздоштшуда, ки дар бар либосҳои сиёҳ доштанд, ба кормандони умури интизомии вилояти Ботканд таслим карда шуданд.

Мирослав Ниёзов, собиқ дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ изҳор кард, ки баъди таҳаввулоти ахир дар Афғонистону Покистон ва вуқӯи ҳодисаҳо дар Тавилдараи Тоҷикистон имкони вуруди нерӯҳои силоҳбадаст ба қаламрави кишвараш аз эҳтимол холӣ нест.

Ба гуфтаи Мирослав Ниёзов вай чунин мешуморад, ки баъди рӯйдодҳои тобистони соли 1999 дар минтақаи кӯҳии Ботканд аз мадди назар дур гузоштани вуқӯъи ин гуна ҳодисаҳо хатарнок аст.

Вай афзуд, саъйу кӯшишҳои зиёди гурӯҳҳои мусаллаҳ фақат ба он равона хоҳад шуд, ки вазъияти минтақа ба ташаннуҷ рӯ ба рӯ шавад.
Бар асоси суханони Мирослав Ниёзов дар ҳамин ҳол водии Фарғона минтақаи хеле ташвишовар ва барои се кишвари минтақа, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун бами нотаркида боқӣ мондааст.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, агар гурӯҳҳои мусаллаҳ битавонанд, ки ин бам инфиҷор кунад, оқибатҳои ногувори онро тасаввур кардан душвор аст.

Ниёзов ҳамчунин тазаккур дод, ки вале пайроҳаҳои кӯҳии вилояти Ботканд, ки гӯё як гурӯҳи мусаллаҳро мустақар намудааст, қаблан низ барои интиқоли маводи мухаддир истифода мешуд.

Вай афзуд, ки соли 1999 маҳз ҳамин гурӯҳҳои силоҳбадаст дар манотиқи марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон пайдо шуданд ва вазъиятро барои чанд муддат ба ташаннуҷи ҷиддӣ рӯ ба рӯ карданд. Дар натиҷаи даргириҳои мусаллаҳона бо гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар минтақаи кӯҳии вилояти Ботканд тобистони ҳамон сол чанд сарбози қирғиз куштаву чанд Тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти кумитаи амнияти Қирғизистон эълон кард, ки 18 нафар ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои террористӣ боздошт шуданд. Ин манбаъ меафзояд, ки панҷ нафари онҳо дар урдугоҳҳои террористӣ тамрин кардаанд ва бархе аз боздоштшудагон дар Афғонистон ба муқобили нерӯҳои эътилофи зидди террор ҷангидаанд.

Дафтари матбуоти кумитаи амният мегӯяд, ки ин 18 террорист бар асари як амалиёти вижа дар минтақаи ҷануби Қирғизистон боздошт шуданд. Бино ба ин манбаъ дар ҷараёни амалиёт 9 террористи дигар кушта ва як тан аз корманди амният ба ҳалокат расид.

Вале шореҳони сиёсӣ ишора мекунанд, ки рӯйдодҳои Тавилдараи Тоҷикистон авзои сиёсии минтақаи Осиёи Марказиро ба ташаннуҷ рӯ ба рӯ намудааст. Гуфта мешавад, аз эҳтимол холӣ нест, ки гурӯҳҳои силоҳбадаст ба хотири наҷот аз таъқиби нерӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Ботканд паноҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG