Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодиров "Мемориал"-ро ба додгоҳ кашониданист


Раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров мехоҳад гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар - “Мемориал”-ро барои тӯҳмат ба додгоҳ бикашонад. Раҳбари “Мемориал” Олег Орлов дар пайи қатли узви фаъолаш Наталя Эстемирова Қодировро ба даст доштан дар ин куштор айбдор кард. Рамазон Қодиров ин иттиҳомро радд карда, дар сомонаи интернетиаш навишт, ки дар як тамоси телефонӣ бо Олег Орлов ин иттиҳомотро “ғайриахлоқӣ” ва “таҳқир” номидааст. Наталя Эстемирова субҳи чоршанбе дар пойтахти Чеченистон, шаҳри Грозний рабуда шуд. Ҷасади аз сари сина ва сар тирхӯрдаи ӯро баъди чанд соат дар ҷумҳурии ҳамҷавори Ингушистон пайдо карданд.
XS
SM
MD
LG