Пайвандҳои дастрасӣ

Мизбонии сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC


Хуршед Маҳмудон бо Ҷоми AFC.

Хуршед Маҳмудон бо Ҷоми AFC.

Сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё-2009 барои аввалин бор дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ хабар дод.

Вай афзуд, бозии ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё 25-уми сентябр ва бозии ниҳоӣ 27-уми сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо мешаванд.

Ба ғайр аз дастаи мизбон – «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, инчунин, дар сабқати ниҳоӣ се тими дигар – «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, «Ишқобод»-и Туркманистон ва ВАПДА-и Покистон ширкат хоҳанд кард.

Қуръаандозии бозиҳои ниманиҳоӣ 22-юми июл дар пойтахти Малайзиё – шаҳри Куала-Лумпур доир мешавад.

Мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси AFC аз соли 2005 барои панҷумин бор баргузор хоҳад шуд. Дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Дордой-Динамо» дуборӣ барандаи ин Ҷом гардидаанд.

Дар мусобиқаи соли гузашта дар шаҳри Бишкек «Регар» ТадАЗ дар бозии ниҳоӣ бар тими мизбон – «Дордой-Динамо» аз рӯи силсилаи пенолти ғолиб шуда буд.
XS
SM
MD
LG