Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси сарнавишти Қаробоғ дар Маскав


Руъасои ҷумҳуриҳои Арманистону Озарбойҷон Серж Саркисиён ва Илҳом Алиев рӯзи ҷумъа дар Маскав рӯи вилояти баҳсии Кӯҳистони Қаробоғ музокирот мекунанд. Ин музокирот бо миёнҷигии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев доир мешавад. Кӯҳистони Қаробоғ вилояти умдатан арманинишин аст, ки дар пайи ҷангҳои хунини авоили солҳои 90 худро аз Озарбойҷон мустақил эълон кардааст.
Дар авоили ҳафтаи равон, Илҳом Алиев гуфт, кишвараш омода ҳаст, ба ин вилоят мухторияти бештар ироа кунад, вале истиқлолияти Қаробоғро қабул надорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG