Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти собиқи Эрон Рафсанҷонӣ эътироф кард, ки мардуми зиёде ба натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар бо шубҳа менигаранд.

Дар намози ҷумъаи шаҳри Теҳрон, ки бо иштироки ҳазорҳо пайрави собиқ сарвазири Эрон Мирҳусейн Мусавӣ доир шуд, Рафсанҷонӣ мардуми ин кишварро ба ваҳдат даъват кард.

Дар мавъизаи намози ҷумъа собиқ президенти Эрон Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ бо ҳадафи ҳифзи низоми исломӣ мардуми ин кишварро ба ваҳдату оромӣ даъват намуд.

Аснои суханронӣ дар донишгоҳи Теҳрон Рафсанҷонӣ изҳори умед кард, ки паёми ӯ дар сарнавишти ояндаи Эрон саҳмгузор хоҳад буд.

Дар паи интихоботи раёсатҷумҳурии 12 июн ҳукумати Эрон эътирозҳои васеи мардумиро мавриди таъқиб қарор дод. Рафсанҷонӣ изҳор
Тазоҳуркунандагон дар наздикии маҳалли намози ҷумъаи Теҳрон. 17-уми июли соли 2009.
намуд, ки интихоботи раёсатҷумҳурии 12 июн кишварро бо бӯҳрон рӯ ба рӯ кардааст.

Сарфи назар аз эътирозҳои ҳаводорони номзад Мирҳусейн Мусавӣ мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ таъкид намуданд, ки раисҷумҳур Маҳмуд Аҳмадинажод бо пирӯзии назаргир барои чор соли дигар президенти Эрон интихоб шуд.

Ба қавли Рафсанҷонӣ дар дар вазъи ноороме, ки баъди интихобот ба амал омадааст, касе пирӯз нахоҳад буд. Рафсанҷонӣ, ки сарварии Маҷлиси Хибрагони Эронро сарварӣ мекунад, эътироф намуд, ки шумори зиёди мардум ба натиҷаи интихоботи президентӣ бо назари шубҳа менигаранд.

Ба қавли Рафсанҷонӣ бояд баҳри эҳёи эътимоди мардум талош варзид. Ӯ ҳамчунон Шӯрои Нигаҳбонро, ки натиҷаҳои интихоботро тасдиқ кардааст, мавриди интиқод қарор дод.

Рафсанҷонӣ илова кард, ки бо чанд узви Шӯрои Хибрагон, ниҳоде, ки масъули интихоби пешвои рӯҳонии Эрон мебошад, роҳҳои берунрафт аз бӯҳронро арзёбӣ кардааст. ба гуфти собиқ президенти Эрон ҳар гурӯҳ бояд имкон дошта бошад, ки бидуни хавфу ҳарос ва задухӯрд бо ҳамдигар масъалаҳоро баҳс намояд.

Рафсанҷонӣ даъват кард, ки мақомот афроди дар паи интихобот боздоштшударо аз з индонҳо раҳо кунанд.

Назар ба хабарҳои расида баъди намози ҷумъа дар рӯ ба рӯи донишгоҳи Теҳрон якчанд зарухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки дар бар асари он камаш даҳ нафар боздошт шуданд ва полис бо истифода аз гази ашковар издиҳомро пароканда кард.

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар давоми ҳафтаҳои ахир дар Эрон беш аз 2000 фаъоли ҳуқуқи башар, ҷонибдорони ислоҳот ва ҳуқуқшинос ба ҳабс гирифта шудаанд. Дар ҷараёни таъқиби эътирозҳо бошад, беш аз 20 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ба қавли шоҳидони айнӣ ҳазорҳо пайрави Мусавӣ бо дастбанд ва ниқобҳои сабз, ки барои иштирок дар намози ҷумъа ба Донишгоҳи Теҳрон рафта буданд, имкон наёфтанд вориди толор шаванд.

Телевизиони Эрон ҳам ғайримунтазира намози ҷумъа дар донишгоҳи Теҳронро мустақиман намоиш надод. Баъди намоз пайравони Мусавӣ эътирози худро пинҳон намекарданд.

Пайравони Мусавӣ бовар доранд, ки ҷумбиши сабзи мухолифин аз байн нарафтааст ва паёми Рафсанҷонӣ дар рафти умури сиёсии ин кишвар як гардишеро ба бор хоҳад овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG