Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юдҳоёно таркишҳои Ҷакартаро "доғи сиёҳ" номид


Раисиҷумҳури Индонезия Сусило Бамбанг Юдҳоёно имрӯз дар паёме ба мардум дар робита ба бомбгузориҳои хунини рӯзи 17 июл дар ду меҳмонсарой дар Ҷакарта гуфт: “Имрӯз бо як бамбгузории дигари гурӯҳи террорист дар Ҷакарта дар таърихи мо ҳамчун як доғи сиёҳ нақш хоҳад баст.”
Раҳбари кумитаи амнияти парлумони Индонезия гуфт, дар таркишҳои хунини рӯзи ҷумъа дар меҳмонсаройҳои “Ритс-Карлтон” ва “Марриот” дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Ҷакарта, як маргталаб даст дошт. Тео Самбуага гуфт, ки боқимондаҳои ин маргталаб аз зери овор аз байни аҷсоди кушташудаго ёфт шудааст. Вазири амнияти Индонезия гуфт, бар асари таркишҳои Ҷакарта 9 нафар кушта шуда, 52 тани дигар захм бардоштаанд. 13 тан аз захмиён низ атбоъи хориҷӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG