Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 ҷангӣ дар Вазиристони шимолӣ


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бидуни сарнишини эҳтимолан марбут ба нирӯҳои Амрико ба як манзил дар вилояти қабиланишини Вазиристони шимолӣ асобат карда, мунҷар ба ҳалокати дастикам 4 ҷангии эҳтимолӣ шудааст. Ин ҳамла дар мавзеъе, воқеъ дар ҳудудан 30-километрии Мироншоҳ, бузургтарин шаҳри ин минтақа, рух додааст. Вазиристони шимоливу ҷанубӣ, ки 2 паноҳгоҳи умдаи ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида дониста мешавад, тайи як соли охир шоҳиди даҳҳо чунин ҳамлаҳои мушакӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG