Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рафсанҷонӣ хостори раҳоии тазоҳургарон шуд


Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури собиқи Эрон ва аз рӯҳониёни маъруфи пуштибони мухолифин, рӯзи ҷумъа дар ҷамъи намозгузорон гуфт, гурӯҳи бузурге аз мардуми Эрон ба натоиҷи интихоботи моҳи июни раёсати ин ҷумҳурӣ шакк доранд ва бояд бо ин вазъ коре кард. Рафсанҷонӣ дар Донишгоҳи Теҳрон ҳамчунин гуфт, садҳо эронии боздоштшуда дар пайи эътирозҳо бояд ба хотири ҳалли бӯҳрони сиёсии пешомада дар кишвар раҳо карда шаванд.
Рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар аз тарафдорони мухолифини Эрон дар даври Донишгоҳи Теҳрон гирди ҳам омаданд, то бо ширкат дар намози ҷумъа иттиҳоди худро ба намоиш гузоранд. Бино ба хабарҳо, пулис ба хотири пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар ва аз калтак истифода бурдааст.
Дар ин намоз Мирҳусайни Мӯсавӣ, номзади ислоҳталаб, ки дар интихоботи 12 июн аз раисиҷумҳури феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод шикаст хӯрд, низ ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG