Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 18 нафар бо иттиҳоми терроризм


Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, мақомоти пулис тайи амалиёти моҳи гузашта алайҳи ҷангиёни эҳтимолӣ 18 нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар терроризм боздошт кардаанд. Мақомот мегӯянд, 5 тан аз боздоштшудагон дар пойгоҳҳои террористӣ дар хориҷ тамрин гирифта, бақия алайҳи нирӯҳои таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон ҷангидаанд.
Ин боздоштҳо дар пайи 2 амалиёти амниятӣ алайҳи паноҳгоҳҳои эҳтимолии ҷангиён дар ҷануби Қирғизистон аст, ки дар моҳи июн сурат гирифта, дастикам 8 ҷангӣ ва 1 афсари амниятиро кушта барҷой гузошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG