Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти нави даргирии хунин дар Ҳавзи кабуд


Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, дар як даргирӣ дар наздикии минтақаи Ҳавзи кабуд, воқеъ байни навоҳии Нуробод ва Тавилдара, 5 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд.
Хабаргузории Франс Пресс аз қавли сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон навишт, ки дар ин ҳамлаи ҷангиён ба як посгоҳ 5 тан аз нирӯҳои давлатӣ низ захмӣ шудаанд.
Хабаргузории Интерфакс аз қавли як манбаъи баландпояаш дар мақомоти интизомии Тоҷикистон навишт, ки шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар ин минтақаи воқеъ дар тақрибан 130-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон як посгоҳи Горди миллӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи манбаъи Интерфакс, ҷангиёни кушташуда бо худ шиносномаи Русия дошта, аз чеҳра ва исми онҳо бармеояд, ки аз минтақаи Қафқозанд.
XS
SM
MD
LG