Пайвандҳои дастрасӣ

Азми ҳазорон барои ширкат дар намози мухолифин


Рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар аз тарафдорони мухолифини Эрон дар Донишгоҳи Теҳрон гирди ҳам омаданд, то бо ширкат дар намози ҷумъа иттиҳоди худро ба намоиш гузоранд. Аммо пулиси Эрон, бино ба хабарҳо, дар даври Донишгоҳ дар роҳ б ба сӯи маҳалли намозе, ки имоматашро, қарор аст, Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури собиқи Эрон ва аз рӯҳониёни маъруфи пуштибони мухолифин, бар ӯҳда бигирад, посгоҳҳо гузоштааст. Мирҳусайни Мӯсавӣ, номзади ислоҳталаб, ки дар интихоботи 12 июн аз раисиҷумҳури феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод шикаст хӯрд, низ интизор меравад дар ин намоз ширкат кунад. Ин нахустин зуҳури ӯ дар мазҳари омм дар пайи Як суханронии кӯтоҳаш дар гирдиҳамоии эътирозие дар алайҳи натоиҷи эълоншудаи интихобот дар моҳи июн хоҳад буд.
Мӯсавӣ ва тарафдоронаш мегӯянд, интихоботи 12 июнро ӯ бурда буд. Қарор аст, дар намози ҷумъаи мухолифин Маҳдии Каррубӣ, номзади дигари шикастхӯрда дар интихоботи моҳи июн низ ширкат биварзад.
XS
SM
MD
LG