Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев рӯзи 30 июл ба Тоҷикистон сафар мекунад


Хабаргузориҳои Русия аз қавле як манбаъ дар Кремл менависанд, ки раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев рӯзи 30 июл ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард. Қарор аст, Медведев дар мулоқоти руъасои ҷумҳуриҳои Русияву Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон мавзӯъи ба Осиёи ҷанубӣ пайвастани хаттҳои нирӯи барқи Русия ва Осиёи Марказиро баррасӣ карда ва ҳам дар расми ифтитоҳи нирӯгоҳи аввали Сангтӯда, ки бо сармоягузории Русия сохта мешавад, ширкат кунад.
Дар пайи дидор аз Тоҷикистон, Медведев, қарор аст, ба хотири ширкат дар нишасти ғайрирасмии кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ озими Қирғизистон шавад.
XS
SM
MD
LG