Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи нави қонуни забон таҳия шудааст


Дар Тоҷикистон тарҳи нави қонуни забон таҳия шуда, барои баррасӣ ба идороту вазоратхонаҳои дахлдор ирсол шудааст.
Дар қарори марбутаи раисиҷумҳури Тоҷикистон омадааст, ки тарҳи нави ин қонун бо дарназардошти шароити давлатдории муосир ва ба хотири ташвиқи ҳисси худшиносии миллӣ ва ватандӯстии мардуми тоҷик таҳия шудааст.
Тарҳи нави қонуни забон аз 7 банд ва 28 модда иборат буда, дар он мақоми давлатии забони тоҷикӣё таъкид шудааст.
Тибқи ин тарҳи қонун, забони расмии сохторҳои давлатӣ, додгоҳ, нирӯҳои мусаллаҳ ва мақомоти интизомиву соъир ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон забони тоҷикист.
Тарҳи мазкур аз ин ба баъд танҳо бо забони тоҷикӣ таҳия шудани маводди реклама, нархномаҳо ва шиору биллбордҳои аёниро тақозо мекунад.
Музокирот ва мукотибаи дипломатӣ низ бояд бо забони тоҷикӣ ва забонҳои расмии созмонҳову муассисоти минтақавӣ ва байналмилалии ҳамкор сурат бигирад.
Тибқи ин қонун, кулли шаҳрвандони Тоҷикистон муваззафанд, ки забони тоҷикиро бидонанд.
Ин қонун ҷойгузини қонуни забоне хоҳад шуд, ки ҳанӯз дар аҳди СССР, дар таърихи 22 июли соли 1989 тасвиб шуда буд ва баъди чанд рӯз ба тасвиби он 20 сол пур мешавад.
XS
SM
MD
LG