Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алазания ҳизби нав таъсис дод


Ираклий Алазания, аз раҳбарони мухолифини гурҷӣ ва сафири собиқи Тифлис дар СММ, ҳизби худро бо номи “Гурҷистони мо- демократҳои озод” таъсис дода ва гуфтааст, раҳпаймоиҳои тӯлонӣ бо талаби истеъфои Михаил Саакашвилӣ аз мақоми раёсати ин ҷумҳурӣ барҳадар нарафтааст.
Ҳизби Алазания ба суфуфи беш аз 10 ҳизби дигари сиёсӣ мепайвандад, ки аз моҳи апрел ба ин сӯ бо талаби истеъфои Саакашвилӣ маъракаҳои густардае ба роҳ андохтаанд.
Мухолифини гурҷӣ Саакашвилиро айбдор мекунанд, ки дар пайи “инқилоби садбаргҳо”-и тирамоҳи соли 2003 қудратро дар инҳисори худ қарор дод ва Гурҷистонро дар моҳи августи соли гузашта ба ҷанги харобиоваре бо Русия кашонид.
XS
SM
MD
LG