Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 кушта ва 50 захмӣ дар таркишҳои Ҷакарта


Дар даромадгоҳи меҳмонсаройи "Ритс Карлтон"-и Ҷакарта пас аз таркиш. 17-уми июли соли 2009.
Дар даромадгоҳи меҳмонсаройи "Ритс Карлтон"-и Ҷакарта пас аз таркиш. 17-уми июли соли 2009.

Дар ду таркиш дар меҳмонсаройҳои “Ритс-Карлтон” ва “Марриот” дар пойтахти Индонезия 9 нафар, кушта ва 50 тани дигар захмӣ шудаанд.

Раиси ҷумҳури ин кишвар, Сусило Бамбанг Юдҳоёно гуфт, ба бовари ӯ, ин таркишҳои ҳамоҳангшуда, амали террористӣ мебошанд.

Вазири амнияти Индонезия гуфт, бар асари таркишҳо дар меҳмонсаройҳои “Ритс-Карлтон” ва “Марриот” дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Ҷакарта, 9 нафар, бо шумули 1 шаҳрванди Зеландияи нав, кушта шуда, 50 тани дигар захм бардоштаанд. 13 тан аз захмиён низ атбоъи хориҷӣ будаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳафт нафар замоне кушта шуданд, ки як бомба дар таҳхонаи меҳмонсаройи "Марриот" мунфаҷир гашт. Шаҳрванди Зеландияи нав низ дар ҳамин таркиш шадидан захмӣ шуда, дертар дар бемористон фавтид.

Ду нафари дигар дар таркиши дуввум дар табақи болоии тарабхонаи "Ритс Карлтон" ба ҳалокат расиданд. То ҳол маълум шудааст, ки дар байни захмиён ду шаҳрванди Австралия, як нафар аз Кореяи Ҷанубӣ, се нафар аз Ҳолланд ва ҳам як нафар аз Ҷопонанд.

Як узви аршади порлумони Индонезия мегӯяд, нишонаҳое мавҷуданд, ки ин таркишҳо аз тарафи ҳамлаварони худкуш ба вуқӯъ пайвастаанд. Вай гуфт, пажӯҳиши ин ҳамлаҳо идома дорад. Аммо як афсари баландпояи полис гуфт, аз меҳмонсаройи "Марриот" як бомбаи омода ба инфиҷор низ ёфт шудааст.

Меҳмонсаройи “Марриот” дар Ҷакарта дар соли 2003 низ ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд ва он ҳамла 12 нафарро дар “Марриот” кушта бар ҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG