Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи аврупоиён ба Барак Обама


Соби- президенти Ҷумҳурии Чех, Ватслав Ҳавел яке аз муаллифони нома мебошад.
Соби- президенти Ҷумҳурии Чех, Ватслав Ҳавел яке аз муаллифони нома мебошад.

Мутафаккирон ва сиёсатмадорони пешини Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ аз Обама даъват карданд, ки Амрико пайвандаш бо кишварҳои аврупоиро тақвият бубахшад.

Дар акси ҳол, ба навиштаи муаллифони нома, эътилофи баъд аз ҷангӣ Сард бо Амрико ҳосилшуда бо хатари нобудӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ин номаи саркушода дируз дар рузномаи “Газета Виборсза”и Лаҳистон интишор шуда, зери он 22 фарди шинохта ва вузарои умури хориҷа, нахуствазирон ва раисиҷумҳурони собиқи Литва, Словакия, Ҷумҳурии Чех, Лаҳистон, Маҷористон, Эстония, Латвия ва Руминия имзо гузоштанд.

Нигаронии аслии муаллифони нома аз он аст, ки Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ аз дойраи авлавиятҳои сиёсати хориҷаи Амрико берун мондаанд. Иддао мешавад, ки ин тасмим дар асоси тасаввуроти барғалате гирифта шудааст, ки ин минтақа ба таври устувор, ру ба Амрикост.

Алорағми ин, навиштаанд муаллифон, ба робитаҳои таърихан наздики минтақа бо ИМ чанд хатари ҷидди таҳдид мекунад. Миёни ин гуна хатарҳо муаллифон шакку шубҳаи шаҳрвандон ба зарурати узвият дар НАТО, афзоиши интиқоди ИМА аз ҷониби ин шаҳрвандон ва бозгашти Русия ба тактикаҳои асри 19 дар маърузаҳои асри 21 ном бурдаанд.

Гуруҳи мазкурро, ба хусус, заифшавии паймони НАТО ва тақвияти Русия, ки мехоҳад дойраи нуфузи собиқ Иттиҳоди Шуравиро ба ҳамсоякишварҳояш барқарор кунад, нигарон кардааст.

Онҳо навиштаанд, кишварҳои аврупоиро услубҳое, ки Русия барои дифоъи манфитаҳояш истифода мебарад, назири маҳдудсозии дастрасӣ ба манобеъи энерҷӣ ва таҳти назорат гирифтани манбаъҳои хабарӣ сахт нигарон кардааст.

Муаллифони нома гуфтаанд, ки сабаб аз иншои он - тазмини боз бист соли дигари ҳамкориҳои наздик бо ИМ будааст. Онҳо машварат додаанд, ки Амрико бояд нақшашро дар Аврупо боло барад ва дар ҳама умури Аврупо, алорағми мушкилиҳо дар саросари ҷаҳон, ширкат кунад.

Гуфта мешавад, ки НАТО бояд ба уҳдадориҳои паймон содиқ бошад ва амнияти ҳамаи кишварҳои узвро замонат диҳад.
Гуруҳи мазкур бар ин назар аст, ки нақшаи Амрико барои истиқрори сипари зидди мушакӣ дар Аврупои Шарқӣ мавзуъи баҳсбарангез ва хассос аст.

Дар бораи зарурати бунёди ин сипар миёни аҳолии он кишварҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин, муаллифон аз Кохи сафед даъват кардаанд, ки ба мухолифати Маскав нигаҳ накарда, дар ин мавзӯъ тасмими ниҳоии худро бигирад.
Вошингтон ба ин нома то ҳанӯз расман вокуниш накардааст.


XS
SM
MD
LG