Пайвандҳои дастрасӣ

Боқиев: дар Ӯш пойгоҳи низомӣ мустақар намешавад


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, иттилоъи бархе аз хабаргузориҳо дар бораи дар ин кишвар мустақар шудани боз як пойгоҳи низомии Русияро рад кард. Ҳафтаи гузашта як манбаъ дар ҳукумати Русия ба хабаргузориҳо гуфт, ки Маскав мехоҳад пойгоҳи навро дар шаҳри Ӯш ҷойгир кунад. Ба гуфтаи ин манбаъ, пойгоҳи нав ба сохтори Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ворид хоҳад шуд, ки ба он, ба ҷуз Русия ва Қирғизистон, боз панҷ кишвари собиқ шӯравӣ шомиланд.
XS
SM
MD
LG