Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Басеэску: Бухарест дар ҳаводиси Кишинёв даст надорад


Траян Басеэску, раисиҷумҳури Руминия, ҳама иттиҳомот дар мавриди даст доштани кишвараш дар ташкили нооромиҳо дар Кишинёв, пойтахти Молдавия, баъд аз интихоботи парлумонии моҳи апрел дар ин кишваррро рад кард. Дар мусоҳиба бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки ин гуна ҳодисаҳо қаблан ҳам рух дода буданд, аз ҷумла, “моҳи декабри соли 1989 раҳбари комунистҳои Руминия Николае Чаушеску мардуми кишвар, ба вижа, ҷавононро дарк накард ва ин боиси сар задани нооромиҳо гардид”. Траян Басеэску ба раисиҷумҳури Молдавия Владимир Воронин тавсия дод, ки навори видеоии нооромиҳои бист сол қабл дар Бухарестро бубинад.
Дар намоишҳои эътирозӣ ба думболи интихоботи парлумонии Молдавия, ки дар он Ҳизби комунист пирӯз эълон шуд, асосан ҷавонони мухолифи ҳукумат ширкат доштанд. Бар асари бӯҳрони сиёсӣ дар Молдавия ва талошҳои ноком барои интихоботи раисиҷумҳури нав парлумон баъд аз як моҳи фаъолият пароканда карда шуд. Интихоботи нави парлумонӣ дар Молдавия рӯзи 29 июл баргузор мешавад.
Траян Басеэску изҳор намуд, ки сиёсати Руминия дар мавриди Молдавия бо истилоҳи "як мардум, ду кишвар” муқаррар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Бухарест аз талошҳои Кишинёв барои дар оянда шомили Иттиҳодияи Аврупо шудан пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG