Пайвандҳои дастрасӣ

Милисаи Маскав ҳаққи хондани номаҳоро пайдо кард


Шурӯъ аз рӯзи 21 июл кормандони милисаи Русия барои тафтиши номаҳои шаҳрвандон, ки аз тариқи почта фиристода мешаванд, иҷоза пайдо хоҳанд кард. Дар ин бора ахиран вазири мухобироти Русия Игор Шеголев амр содир кард. Тибқи ин санад, кормандони ҳифзи тартибот ҳаққи боз кардан ва тафтиши номаву посилкаҳоро хоҳанд дошт. Ҳамчунин кормандони почта бояд дар сурати зарурат иттилоъ дар бораи соҳиби номаву посилкаро ошкор кунанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ин амр хилофи Қонуни асосии Русия аст, ки ба шаҳрвандони ҳифзи асрори мукотибаро кафолат додааст.
XS
SM
MD
LG