Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс: Гуруснагӣ таҳдид аз сӯи Пхенянро коҳиш медиҳад


Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА, изҳор намуд, ки гуруснагӣ дар Кореяи Шимолӣ таҳдиди низомӣ аз сӯи ин кишварро коҳиш медиҳад. Зимни суханронӣ дар мулоқот бо низомиён дар аёлати Ню-Йорк, Гейтс гуфт, ки айни ҳол мардуми Кореяи Шимолӣ ба камбуди маводи озуқа мувоҷеҳ шудаанд. Раҳбари Пентагон афзуд, ки артиши Кореяи Шимолӣ низ гуруснагӣ мекашад ва ин омил қудрати низомии кишварро поин мебарад.
Моҳҳои ахир Кореяи Шимолӣ чанд озмоиши мушакӣ ва ҳастаӣ доир кард ва дар инзивоъи бештари ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG