Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони мудофеъ алайҳи мақомоти Эрон бархостанд


Нӯҳ вакили мудофеъ аз кишварҳои гуногуни Аврупо дар бораи талошҳои муштарак барои таъқиби додгоҳи мақомоти Эрон дар робита ба саркӯбсозии намоишҳои эътирозии мухолифин тасмим гирифтанд. Вакилони мудофеъ, ки ба ин иқдом бо хоҳиши бархе аз созмонҳои эрониёни дар ҳиҷратбуда даст задаанд, мехоҳанд бо Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг ваё Гаага дар робита ба имкони муттаҳам кардани Теҳрон дар ҷиноёт алайҳи башарият машварат анҷом диҳанд. Ба гуфтаи вакили мудофеъ аз Фаронса Вилям Бурдон, ки қаблан аз маҳбусони зиндони Гуантанамо дифоъ мекард, ҳадафи аслии онҳо - “хотима гузоштан ба беҷазо мондани онҳоест, ки дар Эрон дар сари қудратанд”.
XS
SM
MD
LG