Пайвандҳои дастрасӣ

Алиев ва Саргсян низоъи Қарабоғи кӯҳиро баҳс мекунанд


Имрӯз руасои ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Арманистон Илҳои Алиев ва Серж Саргсян дар Маскав дар мавзӯъи дурнамои ҳалли низоъи Қарабоғи кӯҳӣ музокирот мекунанд. Ин шашумин гуфтушуниди сарони ду кишвари вориди баҳси Қарабоғи кӯҳист. Қарор аст, ки рӯзи шанбе музокироти сеҷониба бо ширкати раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев баргузор шавад.
Авоили ҳамин моҳ дар мулоқот бо зиёиёни Озарбойҷону Арманистон Илҳом Алиев шарти асосии кишварашро эълон кард, ба гуфтаи ӯ, Озарбойҷон ҳеҷ гаҳ ба мустақилияти Қарабоғи кӯҳӣ розӣ нахоҳад шуд. Ба ин нукта ӯ ахиран дар мулоқот бо коршиносони сиёсӣ дар Лондон ҳам таъкид кард. Ҳамзамон Илҳом Алиев гуфт, ки дар музокироти сулҳи Қарабоғи кӯҳӣ пешрафти мусбӣ ба чашм мерасад.
XS
SM
MD
LG