Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳинду Покистон ҳамроҳ алайҳи террористон меҷанганд


Ҳиндустон ва Покистон дар мавриди муборизаи муштарак бо терроризм ба созиш расиданд. Сарвазирони ду кишвар Манмоҳан Сингҳ ва Юсуф Ризо Гелонӣ дар як мулоқот дар Миср терроризмро чун таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳояшон арзёбӣ карданд.
Равобити миёни Деҳлӣ ва Исломобод баъди он ба сардӣ гароид, ки моҳи ноябри соли гузашта як гурӯҳи мусаллаҳ ба шаҳри Мумбаи Ҳиндустон ҳамла намуд. Дар ҳамла ба ду меҳмонсарои бузург, истгоҳи роҳи оҳан, Маркази яҳудиён ва тарабхонаву бемористони Мумбай 165 нафар ба ҳалокат расиданд. Даргирӣ бо ҳамлагарон дар ин шаҳр тақрибан 60 соат идома дошт. 9 тан аз ҳамлагарон кушта шуда ва як нафари онҳо – Аҷмал Қассоб боздошт гардид. Маҳз боздошти Аҷмал Қассоб, узви гурӯҳи ифротгарои “Лашкари Тойиба”, ба Деҳлӣ имкон дод, ки дар ҳамла ба Мумбай мусаллаҳони мустақар дар Покистонро айбдор кунад.
XS
SM
MD
LG