Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон асорати сарбози амрикоиро таъйид карданд


Толибон ҳушдор доданд, ки дар сурати иҷро нашудани талабҳояшон сарбози гаравгонуфтодаи амрикоиро эъдом хоҳанд кард. Фармондеҳи ҷунбиши “Толибон” Мавлавӣ Сангин дар сӯҳбат ба чанд хабаргузории ғарбӣ таъйид кард, ки сарбозии амрикоии дар вилояти Пактикои Афғонистон ғайбзада дар дасти онҳост. Мавлавӣ Сангин изҳор намуд, ки агар нерӯҳои ИМА амалиёти низомӣ дар вилоятҳои Пактико ва Ғазниро қатъ накунанд, онҳо сарбози амрикоиро ба қатл хоҳанд расонд. Ӯ ҳамчунин аз паёмадҳои ногувори талошҳои пайдо ва озод кардани ин сарбоз ҳушдор додааст.
XS
SM
MD
LG