Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мошини мубориза бо фасоду ришва дар Тоҷикистон дар сатҳи раҳбарони зинаҳои миёна ва поёнӣ дармондааст.

Фаттоҳ Саидов, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳолатҳои содир кардани фасод мустақиман аз тарафи вазирон ва муовинони онҳо то ҳанӯз ошкор нашудааст, вале ин маънои онро надорад, ки дар сатҳи мансабдорони воломақом фасодкорӣ ҷой надошта бошад. Вай мегӯяд: «Мубориза бар зидди коррупсия вазифаи танҳо агентӣ нест, бояд шаҳрвандон ҳам ташаббус нишон диҳанд. Мо намегӯем, ки вазирони мо аз гуноҳ холӣ ҳастанд, лекин вазирони мо худашон бевосита ба гирифтани пора сару кор надоранд, вайҳоро гирифта мумкин диҳанд. Барои ҳамин пеш аз ҳама бояд кори кори агентӣ шаффоф бошад, бояд мардумро ҷалб кунем, ки худи мардум ба мо мусоидат кунанд. Ҳеҷ вақт вазир рафта, аз як ҷинояткор пора намегирад, бошад ҳам то сатҳи вазирон мешавад. Лекин ман боварӣ ва ният дорам, ки дар фаъолияти худам ҳамин масъаларо дар мадди аввал гузорам.»

Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, барои дастгир кардани вазирон ва мансабдорони дигари баландпоя далелҳои қонеъкунанда даркор аст, то дар асоси онҳо парвандаҳои лозима кушода шаванд. Барои ин бояд мардум огоҳ бошанд, меафзояд директори агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, то дар пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳо ба кормандони агентӣ мусоидат кунанд.

Фаттоҳ Саидов изҳори нигаронӣ кард, ки ҳолатҳои содир кардани фасод бештар дар системаи бонкӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, тибб, маориф, молия ва сохторҳои қудратӣ ва дифоъ ба қайд гирифта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки тайи дувуним соли фаъолияташ Ожонсии мубориза бо фасод бештар ба боздошти мансабдорони зинаҳои поёнӣ ва миёна ноил шуда, то ҳол нафареро аз мақомоти болои раҳбарӣ бо иттиҳоми фасодкорӣ ба масъулият накашонидааст.

Ҳуқуқшинос Ашурбой Эмомов мегӯяд, дар ҳақиқат барои дастгир кардани вазирон ва мансабдорони баландпоя ҳангоми содир кардани амалҳои фасодомез аз як тараф ҷасорати Агентии мазкур лозим аст ва аз тарафи дигар далели кофии шайъӣ.

Таҳлилгар Рустам Назаров мегӯяд, маълум аст ки дар сатҳи мақомоти болои раҳбарӣ низ ҳолатҳои фасод бо маболиғи бузург вуҷуд дорад, вале агар тамоми вазирони Тоҷикистонро барои чунин ҳолат ба маҳкама кашанд ҳам, ин падида аз байн намеравад. Ба эътиқоди ӯ, бояд курсиро аз зери фасод ба таври решаӣ зад ва омилҳоеро аз байн бардошт, ки ба нумӯъи фасодкорӣ сабаб мешаванд: «Бо дастгир кардани 1-2 омӯзгор, табиб ва вазир ва ба кунҷи зиндон шинондани онҳо ин падида аз байн намеравад. Инҷо механизми муборизаро бояд ҳам аз лиҳози равонӣ ва ҳам қудрати давлатӣ тақвият дод.»

Бар асоси як таҳқиқоти соли гузашта анҷомшуда дар Тоҷикистон, фасод ва ришвахорӣ як таҳдиди умда ба амнияти миллии Тоҷикистон арзёбӣ шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG