Як созмони мудофеи ҳуқуқи башар дар Русия раиси ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодировро дар ҳодисаи рабоишу куштори як фаъоли номдори ҳуқуқи инсон муттаҳам кард. Наталя Эстемирова, ки бо созмони "Мемориал" дар амри сабту қайди мавридҳои азияту озори полис дар Чеченистон ҳамкорӣ мекард, субҳи чоршанбе дар шаҳри Грознии Чеченистон рабуда шуда баъди чанд соат ҷасади вай дар Ингушистони ҳамсоя ошкор шуд.
Раҳбари созмони "Мемориал" Олег Орлов бо пахши изҳороте масъулияти куштори Эстемироваро ба дӯши Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳурии Чеченистон вогузор кард. Вай гуфт, ки "Рамазон Қодиров ӯро дар мулоқоти рӯбарӯ шахсан таҳдид карда ва Эстемироваро ҳамчун душмани шахсиаш арзёбӣ мекард".
Хабарнигорон дар Олмон аз Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, ки ӯ имрӯз бо як сафари корӣ вориди ин кишвар шудааст, роҷеъ ба муттаҳам шудани Рамазон Қодиров дар ин куштор суол карданд. Ӯ дар баробари ситоиш аз кори Наталя Эстемирова гуфт:
"Ба назари ман, касе, ки ин кори бадро кардааст, ҷиноят содир кардааст. Ҳисоби онҳо ин буд, ки зуд фарзияҳои оддиву содда ба забон оварда мешавад, ки барои ҳукумат ғайри қобили қабул аст. Ба назари ман ингуна ҳодисаҳо дар остонаи ҳар гуна рӯйдодҳо рух медиҳад. Ин як амали таҳрикомез аст. Ман мутмаинам, ки ин ҷиноят боз шуда нафарони ба он дастзада муҷозот хоҳанд шуд".
Дар ҳамин ҳол, худи Қодиров гуфтааст, ки масъулини ин куштори ваҳшатнок бояд бо шадидтарин шева муҷозот шаванд. Ҳодисаи куштори Эстемирова бо маҳкумиятҳои шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд.