Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаи раҳбарони пешини Аврупо ба Обама


Гурӯҳи раҳбарони пешини кишварҳои Аврупои Марказиву Шарқӣ номаи муштараке имзо карда ба раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама нигарониҳои худро аз сиёсати ИМА дар минтақа баён карданд. Муаллифони нома мегӯянд, ки НАТО ба эҳтиёҷоти стратегии онҳо ҷавобгӯ набуда аз маъмурияти Обама тақозо кардаанд, ки дар баробари ревизионизми афзояндаи Русия сиёсати сахттарро пиёда кунад. Номаи мазкур инчунин ба аҳамияти истиқрори сипари зиддимушакӣ дар хоки Лаҳистону Ҷумҳурии Чех таъкид карда мегӯяд, ки "тарки пурраи ин барнома ва ё иҷозаи мудохилаи аз ҳад зиёд амиқи Русия ба он" метавонад ба обурӯи ИМА дар саросари ҷаҳон зарба занад. Маъмурияти Обама ҳоло ин барномаро бознигарӣ мекунад. Дар миёни муаллифони нома аз ҷумла имзои президентҳои собиқи Лаҳистону Чехия ва Литва - Лех Валенса, Ватслав Ҳавел, Валдас Адамкус ва дигаронро дидан мумкин аст. Инчунин зери ин нома чандин вазири пешини хориҷа ва дифои кишварҳои минтақа имзо кардаанд.
XS
SM
MD
LG