Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба охирин ахбори мақомот, ки тавассути расонаҳои давлатӣ мунташир шудааст, амалиёти «Кӯкнор-2009» дар минтақаи шарқи Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад.

Амалиёте, ки то кунун ба асари он камтар маводи мухаддир ва бештар силоҳу муҳимот ва махфигоҳи аслиҳа кашф шуда ва ба маълумоти расмӣ, ҷони ҳадди ақал 10 нафарро гирифтааст. Яке аз қурбониҳои ин амалиёт Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирории Тоҷикистон ва фармондеҳи нирӯҳои мухолифини собиқ буд, ки рӯзи 11 июл дар Тавилдара кушта шуд.
Истодем- истодем, бегоҳ шуд. Овози тирпарронӣ шуд. Вай дар мошини худаш нишаст, гуфт, меравам, гуфтушунид мекунам, тинҷиву оромӣ мекунам...

Мақомоти амниятӣ ва вазорати дохилаи Тоҷикистон ба дунболи кушта шудани Мирзо Зиёев аз таслими 20 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳ ва халъи силоҳи онҳо хабар доданд. Ва тасаввур ин буд, ки эҳтимолан шиддати ташаннуҷ дар минтақаи Тавилдара коста хоҳад шуд. Муҳаммадҷон Назриев, аз сухангуёни вазорати умури дохила дар ин замина мегӯяд: “Мардуми ноҳия дар фазои осоишта зиндагӣ карда, ба корҳои ҳаррӯзаи худ машғуланд ва ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ кӯмак ва ҳамкорӣ мекунанд. Чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар чаҳорчӯби амалиёти “Кӯкнор-2009” аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.”

Аммо шоҳидони айнӣ ва сокинони минтақа мегӯянд, ки ҳамчунон авзоъ ба сурати қаблии худ боқист ва сари ҳар гоҳе бархӯрдҳо ва садои тир низ шунида мешавад. Ё ба таъбири мақомот, амалиёти мазкур ҳамчунон идома дорад ва нирӯҳои эъзомӣ ба Тавилдара то кунун ба пойгоҳҳои доимии худ бар нагаштаанд. Далели дигари нигаронӣ аз авзоъ худдории мусофирбарон ва боркашҳо аз ҳаракат дар масири Душанбе - Хоруғ тавассути гарданаи Хобуработ аст.

Дар ҳоле, ки расонаҳои хориҷӣ ва матбуоти мустақили Тоҷикистон аз авзоъи шарқи ин кишвар аз ду моҳ ба ин ҷониб гузориш медоданд, барои аввалин бор телевизиони давлатии Тоҷикистон низ зимни гузориши муфассале ба ин масъала пардохт. Ва таъкид кард, ки амалиёт дар ин минтақа идома дорад.

Мирзо Зиёев, ки рӯзи 11 июл кушта шуд.
Ҷолибтарин саҳнаи ин гузориш суханони Саидаҳтам Зиёев, писари Мирзо Зиёев буд, ки ҳар гуна даст доштани падараш дар бархӯрдҳои мусаллаҳонаро рад мекард. Ва мегуфт, ки падараш танҳо ба хотири таъмини суббот мехост бо гурӯҳҳои мусаллаҳ гуфтушунид кунад. Саидаҳтам Зиёев гуфт: “Истодем- истодем, бегоҳ шуд. Овози тирпарронӣ шуд. Вай дар мошини худаш нишаст, гуфт, меравам, гуфтушунид мекунам, тинҷиву оромӣ мекунам. Шишт дар мошинаш ва рафт. Дар боло тирпарронӣ буд. Баъд шаҳид шуд, Худо раҳматаш кунад.”

Ин дар ҳолест, ки мақомот тибқи баёнияи расмӣ Мирзо Зиёевро дар ҳамроҳӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳ мутаҳам карда буданд. Вале акнун авзоъи шарқи Тоҷикистон бозтоби бештар аз ҳар вақти дигар дар расонаҳои байналмилалиро касб кардаст. Расонаҳои Тоҷикистон низ умдатан дар ин ҳафта саҳафоти аввали худро ба авзоъи Тавилдара ихтисос додаанд.

Вале «Франкфуртер Алгемайне», як нашрияи олмонӣ менависад, рӯҳи замони ҷанги дохилӣ ба Тоҷикистон бар мегардад. Ба навиштаи таҳлилгари ин нашрия, бо вуҷуди он ки мақомот гуфтаанд, Мирзо Зиёев бо гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳамроҳ шуда ва баъдан ҳам кушта шуд, вале менависад ин таҳлилгар аз миён рафтани Мирзо Зиёев ҳалли масъаларо осон намекунад, балки онро имкон дорад мушкилтар кунад.

Мушкили аслӣ барои Тоҷикистон на шахсиятҳо ва касоне назири Мирзо Зиёев, балки ба гуфтаи таҳлилгари «Франкфуртер Алгемайне», чолишҳои умдаи Тоҷикистон фақри фарогир, бекорӣ ва фасод аст. Ва то вақте ин мушкилот вуҷуд дорад, касони дигаре метавонанд ҷойи шахсиятҳои азмиёнрафтаи мухолифини давлатро пур кунанд, хулоса мекунад «Франкфуртер Алгемайне».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG