Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯҳроб Лангариев дар ҳабси абад хоҳад монд


Сӯҳроб Лангариев баъди боздошт дар моҳи майи соли 2008

Сӯҳроб Лангариев баъди боздошт дар моҳи майи соли 2008

Дар пайи аз сӯи ҳайъати мушовара радд шудани шикояташон, пайвандони Сӯҳроб Лангариев акнун мехоҳанд ба пленуми Додгоҳи олӣ муроҷиат кунанд.

Ҳайъати мушовараи Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи олӣ дар мавриди Сӯҳроб Лангариев ва 7 узви гурӯҳи ӯ, аз ҷумла, фарзанди Сангак Сафаров, Нурмаҳмад Сафаровро мавриди бозбинӣ қарор дода, ин ҳукмро нисбати эшон бидуни тағйир гузошт. Сӯҳроб Лангариев ва 7 тан аз ҳамроҳонаш моҳи апрели соли равон аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон барои абад маҳкум ба зиндон шуданд.

Фаррух Малахов, сухангӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон, гуфт, ҳайъати мушовараи Додгоҳи олӣ пас аз баррасии шикояти кассатсионии Сӯҳроб Лангариев ва ҳамроҳонаш бар асоси ҷурмҳое , чун мухолифати мусаллаҳона бо ҳукумат, нигоҳдории ғайриқонунии лавозимоти ҷангӣ, тиҷорати ҳаҷман бузурги маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз, ба хулосае омад, ки ҳукми Додгоҳи олиро бе тағйир бигузорад.

Мурофиаи гурӯҳи Суҳроб Лангариев дар моҳи апрели соли равон пушти дарҳои баста дар зиндони кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гузашта буд.

Хешовандони Сухроб Лангариев ва ҳамроҳонаш ва худи маҳкумшудагон ба ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон розӣ нашудаанд. Салмон Лангариев, падари Суҳроб аксари иттиҳомот нисбат ба фарзандашро рад карда, ҳукми Додгоҳи олиро ноодилона хонд.

Фархунда Самадова, як тан аз вакилони дифои гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев, ба Радиои Озодӣ гуфт, худи Сӯҳроб Лангариев танҳо ба қисмате аз ҳукми додгоҳ дар мавриди даст доштан ба додугирифти яроқ худро гунаҳкор ҳисобида, аммо иттиҳомоти дигар, аз қабили даст доштан дар тиҷорати маводи мухаддирро рад кардааст.

Бетағйир гузоштани ҳукми гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев аз ҷониби ҳайъати мушовара (коллегия)-и Додгоҳи олӣ дар ҳолест, ки Салмон Лангариев, падари Сӯҳроб, бо радди аксари иттиҳомоти зидди фарзандаш гуфт, талош мекунад, дар гуфтугӯ бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зиёдаравии нерӯҳои интизомиро ҳангоми ҳабси Сӯҳроб ва шариконаш мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ин дар ҳолест, ки талошҳои Салмон Лангариев, аз чеҳраҳои ангуштнамои даврони ҷанги дохилӣ, барои мулоқот бо президент то кунун бенатиҷа будааст.

Дар ҳамин ҳол, хешовандони Сӯҳроб Лангариев ва ҳамроҳонаш гуфтанд, ки дар ояндаи наздик тибқи қоида ба пленуми Додгоҳи олӣ роҷеъ ба ҳукми коллегияи ин додгоҳ аризаи назоратӣ пешниҳод хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG