Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба куштори Эстемирова


Як созмони мудофеи ҳуқуқи башар дар Русия раиси ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодировро дар ҳодисаи рабоишу куштори як фаъоли номдори ҳуқуқи инсон муттаҳам кард. Наталя Эстемирова, ки бо созмони "Мемориал" дар амри сабту қайди мавридҳои азияту озори полис дар Чеченистон ҳамкорӣ мекард, субҳи чоршанбе дар шаҳри Грознии Чеченистон рабуда шуда баъди чанд соат ҷасади вай дар Ингушистони ҳамсоя ошкор шуд.
Владимир Маркин, сухангӯи кумитаи таҳқиқотии Додситони кулли Русия имрӯз гуфт, ки Эстемирова ба сар ва қафаси синааш тир хӯрдааст:

"Ба ӯ ду шахси номаълум ҳамла карданд. Онҳо вайро бо зӯр ба мошини сафеди тамғаи ВАЗ-2107 нишонда ба самти номаълум бурданд. Дертар, соатҳои 16:30-и ҳамон рӯз ҷасади Эстемирова бо паи тир дар қафаси синаву сараш чанд метр дуртар аз шоҳроҳи Қафқоз дар наздикии рустои Қозиюрти ноҳияи Назрани ҷумҳурии Ингушистон ошкор шуд".

Раҳбари созмони "Мемориал" Олег Орлов бо пахши изҳороте масъулияти куштори Эстемироваро ба дӯши Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳурии Чеченистон вогузор кард. Вай гуфт, ки "Рамазон Қодиров ӯро дар мулоқоти рӯбарӯ шахсан таҳдид карда ва Эстемироваро ҳамчун душмани шахсиаш арзёбӣ мекард".

Дар ҳамин ҳол, Қодиров гуфтааст, ки масъулини ин куштори ваҳшатнок бояд бо шадидтарин шева муҷозот шаванд. Сухангӯи Кремлин гуфт, ки президент Дмитрий Медведев аз куштори ин фаъоли ҳуқуқи башар ба ғазаб омада таҳқиқи ин ҳодисаро амр додааст. Карл Билдт, вазири хориҷаи Шветсия, ки кишвараш раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда дорад, ҳодисаи кушторро маҳкум кард. ИМА гуфт, ки аз ин хабар амиқан ғамгин шуда аз Маскав тақозо кардааст, ки масъулони ин кушторро пайдо ва ба ҷомеа "намоиш диҳад, ки беқонуниву беҷазоӣ таҳаммул нахоҳад шуд".
XS
SM
MD
LG