Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ террори Беназир Бҳутторо таҳқиқ мекунад


Комиссиюни СММ, ки бо таҳқиқи куштори нахуствазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто машғул мешавад, имрӯз рӯзи аввали кории худро дар Исломобод оғоз кард. Гурӯҳи сенафараи муфаттишон аз 1 июл ба ин сӯ шаш моҳ фурсат доранд, ки ҳодисаи куштори яке аз бонуфузтарин чеҳраҳои мухолифини Покистонро анҷом дода гузориши вижаи худро дар ниҳоят дар ихтиёри дабири кулли СММ Бан Ки Мун вогузор кунанд. Инчунин мӯҳтавои ин гузориш ба ҳукумати Покистон ва шӯрои амнияти СММ ироа хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG