Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори генерал Исоқов


Генерал Исмоил Исоқов
Генерал Исмоил Исоқов

Мухолифини қирғиз аз таҳияи сӯъиқасд ба ҷони худ ҳушдор медиҳанд, Бишкек ин ҳамаро бофтаи хиёл мехонад.

Исмоил Исоқов, собиқ дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, ки феълан дар суфуфи мухолифони Боқиев қарор дорад, рӯзи панҷшанбе таи як нишасти хабарӣ изҳор кард, ки ҳукумат аз байн бурдани намояндагони оппозисиюнро тарҳрезӣ кардааст. Ба гуфтаи ин генерали қирғиз, дар ин маврид ба вай шахсони босалоҳият иттилоъ додаанд ва гуфтаанд, ки ҳукумат дар муқобили мухолифони худ аз шеваи сӯъиқасд кор гирифтанист.

Генерал Исоқов гуфт, ки Омурбек Текебоев, Азимбек Бекназаров, Бақит Бешимов ва ӯ дар ҳадафи ин сӯиқасдҳо қарор доштаанд ва ин сӯиқасд аз тариқи заҳролуд кардан ё садамаи нақлиётӣ амалӣ хоҳад шуд. Исмоил Исоқов ҳамчунин тазаккур дод, ки як гурӯҳи ашхоси номаълум ҳамеша вайро таъқиб мекунад.

Эмил Қаптағаев, намояндаи Ҷунбиши иттиҳоди мардумӣ ва раҳбари ҳизби «Улуу биримдик» ё «Иттиҳоди бузург», дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки бо наздик омадани рӯзи интихоботи президентӣ рабудану ба таҳдид мувоҷеҳ кардани мухолифони Боқиев авҷ гирифтааст. Ба гуфтаи Эмил Қаптағаев, ҳукумат пинҳон намедорад, ки омода аст, раҳбарони мухолифинро ҷисман аз байн барад. Вай афзуд, ки шаби 20 бар 21 июни соли равон вайро аз хонааш рабуданд ва то беруни шаҳр бурда, лату кӯб карданд. Эмил Қаптағаев гуфт, ки яке аз ин ашхос дар бар либоси низомӣ дошт.

Ин манбаъ таъкид кард, ки ба хадамоти интизомии кишвараш эътимод надорад, аз ин лиҳоз баъди ҳодисаи рабудани ӯ аз муроҷиат ба кормандони умури интизомӣ даст кашид. Ба гуфтаи раҳбари ҳизби «Улуу биримдик», борҳо ба вай тавассути занги телефон таҳдид кардаанд, ки агар хомӯш нанишинад ва манзилашро тарк кунад, ҳодисаи рабуданаш дубора такрор хоҳад шуд.

Эмил Қаптағаев ҳамчунин аз марги якбораи раиси собиқи дастгоҳи раёсати ҷумҳури кишвараш Медет Содирқулов ёдовар шуд ва гуфт, ки Содирқулов мехост, нерӯҳои созандаро алайҳи низоми Боқиев муттаҳид созад. Мавсуф гуфт, бо қатли Медет Содирқулов ҳукумат аз оғози таҳаввулоти ҷиддӣ дар Қирғизистон ҷилавгирӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, вазорати дохилаи Қирғизистон изҳороти намояндагони мухолифинро як амали бемасъулиятона арзёбӣ кард. Ба гуфтаи як мақоми вазорати дохилаи Қирғизистон, касе, ки мавриди таҳдид ё латукӯб қарор гирифтааст, бояд расман ба ниҳодҳои интизомӣ муроҷиат кунад. Ин манбаъ афзуд, ки вазорати умури дохила ба изҳороти генерал Исоқов ва Эмил Қаптағаев посухе нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG