Пайвандҳои дастрасӣ

Авзоъ дар Тавилдара ва атрофи он ҳамчунон буғранҷ боқӣ мемонад ва амалиёти таъқиби силоҳбадастон ба Ёфуч кӯчидааст.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ноҳияи Тавилдара, 180-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, дар бораи даргириҳои ҷадид байни нирӯҳои давлат ва гурӯҳҳои силоҳбадаст гузориш медиҳанд. Ба гуфтаи хабарнигорони мо, субҳи имрӯз нирӯҳои давлатӣ дар ҳошияи рустои Ёфуч, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дар канораи шоҳроҳи Душанбе –Тавилдара, камин гирифта ва ба амалиёти алайҳи гурӯҳҳое, ки гӯё аз Тавилдара ба ин минтақа рахна карда, дар кӯҳистони атрофи ҷода сангар гирифтаанд, омодагӣ мегирифтанд. Ёфуч дар масофаи нисбат ба Тавилдара тақрибан 40 километр наздиктар ба пойтахти Тоҷикистон қарор дорад.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳамчунин дар бораи як даргирии шадид дар минтақаи Ҳавзи кабуд хабар медиҳанд, ки субҳи имрӯз сурат гирифтааст.

Хабаргузории “Азия Плюс” дар ҳамин ҳол, мегӯяд, Ҳикматуллоҳ Азизов, мулаққаб ба “Кӯри Малиш”, ки рӯзи 11 июл ҳамроҳ бо вазири пешини ҳолоти изтирории Тоҷикистон Мирзо Зиёев ва фарзанди ӯ дар Тавилдара боздошт шуда буд, тавассути чархбол ба Душанбе оварда шудааст ва феълан дар боздоштгоҳи кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор дорад. Худи Мирзо Зиёев ҳамон рӯзи 11 июл чанд соат баъд аз боздошт шуданаш ба таври мармуз кушта шуд.

Ҳикматуллоҳ Азизов бародарзодаи Неъмат Азизов, мулаққаб ба “Шайх Неъмат” аст, ки мақомот ӯро дар раҳбарии гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ дар Тавилдара ва ҳам ба даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ва иртибот бо Ҳаракати исломии Узбакистон айбдор мекунанд.

Аммо хабарнигорони Радиои Озодӣ аз қавли хешовандони Ҳикматуллоҳ Азизов дар Тавилдара мегӯянд, ки ӯ ба ҳалокат расидааст ва ҷанозаашро ахиран дар маҳалли зисташ – ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба хок супурдаанд. Мақомоти Душанбе низ бидуни бурдани ном тайи як ҳафтаи охир дасти кам ду дафъа аз кушта шудани Ҳикматуллоҳ Азизов хабар дода буданд.


Бо ин ҳол, хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, теъдоди зиёде аз сокинони ноҳияи Тавилдара аз хафви боз ҳам бадтар шудани авзоъ фарзандони худро аз Тавилдара ба Душанбе ва навоҳии дигар, ба манзили хешу табори худ мефиристанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ мегӯянд, дар мошине, ки онҳоро рӯзи панҷшанбе, 16 июл, аз Тавилдара ба Душанбе меовард, ҳамроҳи онҳо 9 духтар аз сокинони Тавилдара будаанд, ки волидонашон онҳоро ба Душанбе, ба хонаи хешу табор фиристодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG