Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 қурбонии сонеҳаи Миср


Полиси Миср гуфт, як автобуси мусофирбар, ки дар дохилаш асосан ҷаҳонгардони Сербистон қарор доштанд, дар роҳ ба самти баҳри Сурх дучори сонеҳа шуд ва дар натиҷа 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар миёни қурбониҳои ин ҳодиса дасти кам ҳашт нафарашон сербҳо буданд. Як мақоми тиббӣ гуфт, ки беш аз даҳ мусофири дигари ин автобус бо ҷароҳатҳои мухталиф ба шифохонаҳои наздиктарин дар шаҳрҳои Ғардақа (Ҳургада) ва Сафоҷо интиқол дода шуданд. Дар Миср ҳодисаҳои марбут ба ронандагии беэҳтиётонаву кайфияти бади роҳҳои мошингард боиси зиёд шудани сонеҳаҳои нақлиётӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG