Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳроҷиддин Каримов 17 сол, 2 метру 17 сантимер қад ва 105 кило вазн дошта, алакай дар чандин сабқати байналмилалӣ пирӯз шудааст.

Меҳроҷиддин Каримов, муштзани ҷавони тоҷик, ахиран дар як мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти ҷоизаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Мартирос Нагулян дар шаҳри Адлери Русия ғолиб шуд.

Меҳроҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 кг бо рақибаш Мирасад Асадов, аз тими мизбон, барои дарёфти ҷои аввал зӯрозмоӣ кард. Ин қувваозмоии пуршиддат 5 раунд идома ёфт. Доварон якдилона муштзани кӯҳпайкари тоҷикро аз рӯи холҳо бо натиҷаи 5:0 пирӯз донистанд.

Мураббии варзидаи бокс Абдурашид Маҳмадҷонов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, шогирдаш соли ҷорӣ боз дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Алматии Қазоқистон ширкат карда, 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Оқои Маҳмадҷонов афзуд, Меҳроҷиддин Каримов, ки соли 1992 дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара таваллуд шудааст, ду сол пеш ба Душанбе омада, бо кӯмаки Нуруллоҳ Лоиқов, паҳлавони маъруфи тоҷик, ба мактаби махсуси бокси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии Душанбе ба тамрин шурӯъ кард.

Ба андешаи Абдурашид Маҳмадҷонов ин муштзани ҷавони тоҷик дар оянда дар арсаи ҷаҳон машҳур хоҳад шуд. Қадаш 2 метру 17 сантиметр, вазнаш 105 кило ва андозаи пояш 54-56 мебошад. Дар як соли ахир қади ӯ 3 сантиметр баланд шуда, вазнаш 10 кило афзудааст.

Вале ба андешаи Абдурашид Маҳмадҷонов, ҳоло вазни Меҳроҷиддин ба қадаш мувофиқ нест ва ӯ бо чунин қад бояд на камтар аз 130 кило вазн дошта бошад. Мураббӣ мегӯяд: «Мо нақшаи омодагии Меҳроҷиддинро таҳия кардаем, ки вазн, қад ва маҳораташ ба меъёрҳо мувофиқ шавад, ба мисли муштзанҳои маъруфи ҷаҳон Николай Валуев, бародарон Владимир ва Виталий Кличко. Онҳо низ варзишгарони хеле қадбаланд ҳастанд. Валуев 2 метру 15 сантиметр, бародарон Кличко 2 метру 1 сантиметр ва як метру 96 сантиметр қад доранд. Онҳо дар бокси ҳирфаӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Вале Меҳроҷиддин бошад, ҳоло дар бокси ҳаваскорӣ зӯрозмоӣ дорад. Барои Меҳроҷиддин ҳоло аз ҳама муҳим реҷаи муайяни тамрин ва ғизои хуб зарур аст. Вай бояд дар як сол камаш дар 20 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзад. Инчунин хуб мебуд, агар ҷамъомадҳои таълимию тамринии мо якҷоя бо муштзанҳои пурқуввати Русия, Узбакистон ва Қазоқистон доир мешуд».

Меҳроҷиддин Каримов, ки хеле камгап аст, ба суолҳои мо хеле кӯтоҳ посух дод:
-Чаро боксро интихоб кардед?
- Барои он ки боксро дӯст медорам.
- Оё дар деҳаи Пушинг ба мисли Шумо одамони қадбаланд ҳастанд?
-Нестанд.
-Ҳаррӯз чанд бор ғизо мехӯред?
-Панҷ бор.
-Кадом навъи ғизоро меписандед (шакароб, қурутоб оши палав?)
-Ҳамаашро.
-Ҳаррӯз чанд бор машқ мекунед?
-Ҳаррӯз ду бор. Се соат пагоҳӣ ва ду соат бегоҳӣ.

Меҳроҷиддин ҳанӯз хеле ҷавон аст, вале муваффақияти ӯ аз ҳоло хеле чашмрас ва мавриди таваҷҷӯҳ мебошад. Тоҷикистон аз ӯ пирӯзиҳои камназир дар бокси ҷаҳониро интизор аст.

Муштзани кӯҳпайкари тоҷик
XS
SM
MD
LG