Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳимзода: "Муҳоҷирон иқтисодро дастгирӣ мекунанд"


Раиси бонки милии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки алорағми бӯҳрони иқтисодӣ муҳоҷирони корӣ ҳамоно иқтисоди Тоҷикистонро аз роҳи ирсоли маблағҳо дастгирӣ мекунанд. Моҳҳои январу июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиарду 615 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки 30,6 дар сад камтар назар ба ҳамин мӯҳлати соли гузашта будааст. Дар айни замон, ба беруни Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ тавассути интиқоли маблағҳо беш аз 411 миллион доллар бароварда шудааст, ки ин 48 дар сад камтар назар ба нишондодҳои соли гузашта будааст. Оқои Раҳимзода гуфт, ки мардум кору фаъолияти худро идома дода тавассути кӯмак ба аҳли хонаводаи худ иқтисоди кишварро низ дастгирӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG